Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тарҳҳои энержии Қирғизистон


Сапар Орозбаков, мудири маркази таҳлили иқтисодӣ, мақараш дар Бишкек, гуфтааст, бунёди нерӯгоҳҳои барқи Қамбарота-1 ва Қамбарота-2 ба Қирғизистон мафоди зиёд нахоҳад овард.

Ба ақидаи ҷаноби Орозбаков, Қирғизистон аз захираҳои табиии обу барқ ғанӣ аст, вале Русия, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи кишварашро сармоягузорӣ хоҳад кард, манфиатҳои иқтисодии худро мадди назар хоҳад дошт. Сапар Орозбаков мегӯяд, Русия ба Қирғизистон пули бебозгашт намедиҳад ва фоизи ин қарз хеле баланд аст.

Ба гуфтаи мудири маркази таҳлили иқтисодии Бишкек, ду миллиард доллар воме, ки Русия барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи Қирғизистон ихтисос додааст, ғайр аз бозии сиёсӣ чизи дигар нест.

Ба таъкиди Сапар Орозбаков, нерӯгоҳи барқи Қамбарота-1 лоиҳаи тиҷоратӣ намебошад. Вай меафзояд, арзиши нерӯи барқе, ки ин нерӯгоҳ тавлид хоҳад кард, имкон намедиҳад, ки Русия аз он фоидаи калон ба даст оварад. Бино ба гуфтаи таҳлилгари қирғиз Русия бо дастрасӣ ба захираҳои обу барқи Қирғизистон талош карданист, ки Қазоқистон ва Узбакистонро зери фишори худ дароварад.

Муратбек Имоналиев, раиси пажӯҳишгоҳи сиёсати иҷтимоӣ дар Бишкек, бар ин назар аст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқро хоҳанд сохт. Ба гуфтаи оқои Имоналиев, бунёди ин нерӯгоҳҳо ба манзури таъмини амнияти барқи ин ду кишвар роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Аммо Дуйшен Мамадхонов, мудири пажӯҳишгоҳи масъалаҳои оби Фарҳангистони улуми Қирғизистон, мегӯяд, ки кишварҳои фаромарзӣ бояд оби рӯдхонаи Норинро бихаранд. Ба гуфтаи Дуйшен Мамадхонов, агар Қирғизистон оби рӯдхонаи Норинро фурӯшад, солона ба буҷаи кишвараш шаш ё ҳафт миллион доллар ворид хоҳад шуд. Бино ба таъкиди мудири пажӯҳишгоҳи Қирғизистон, об ҳамчун амволи давлатӣ дар ин кишвар бо қонун устувор гардидааст. Дуйшен Мамадхонов мегӯяд, агар оби рӯдхонаҳо амволи давлатӣ шумурда шавад, бояд кишварҳои фаромарзӣ онро бихаранд.

Дар ҳамин ҳол Муратбек Имоналиев, раиси пажӯҳишгоҳи сиёсати иҷтимоӣ мегӯяд, танзими истифодаи оби рӯдхонаҳо музокироти ҷиддиро тақозо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз вариантҳои аввалин бошгашт ба даврони шӯравии собиқ аст, ки кишварҳои фаромарзӣ дар ивази об ба Қирғизистон нерӯи барқ медоданд. Варианти дуюм, ба ақидаи Муратбек Имоналиев, ҷуброни маблағҳо аз тарафи кишварҳои фаромарзист, ки кишварҳои болооби рӯдхонаҳо барои ҳифзи иншоотҳои обёрӣ харҷ мекунанд.
XS
SM
MD
LG