Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо аз натиҷаи интихобот дар Молдова


Якчанд ҳазор нафар имрӯз дар Кишинёв, пойтахти Молдова, бар зидди пирӯзии коммунистҳо дар интихоботи порлумонӣ тазоҳурот карданд. Коммунистҳои президент Владимир Воронин наздик ба 50 дарсад раъй гирифтанд, ки ба онҳо имкон медиҳад дар порлумон аксариятро ташкил диҳанд ва президенти ояндаи кишварро интихоб кунанд. Ба камияш 10 ҳазор нафар, асосан ҷавонон, рӯзи дувум аст, дар муқобили кохи раёсатҷумҳурии Молдова лағви натиҷаҳои интихоботро талаб мекунанд. Бархе аз эътирозгарон дар талоши вуруд ба ин бино сангандозӣ краданд ва шишаи тирезаҳоро шикастанд.
XS
SM
MD
LG