Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати раҳбари чечен ба бисёрзанӣ


Президенти чечен, Рамзан Қодиров, имрӯз аз мардҳои кишвараш даъват кард, тибқи иҷозаи ислом ва бархилофи қонунҳои Русия зани дувум бигиранд. Қодиров, ки аз ҳимояти Маскав бархӯрдор аст, гуфт, ба бовари ӯ, Чеченистон ба бисёрзанӣ ниёз дорад. Дар мусоҳиба бо "Россйиская газета", чопи Маскав, Қодиров гуфт, "занон дар Чечнистон аз мардҳо бештаранд, аммо ҳамаи онҳо мехоҳанд, ҳаёти худро ба роҳ монанд." Қодиров як силсила қоидаҳо, монанди рӯмол бастани занон дар идораҳои давлатӣ, манъи шароб ва монанди инҳоро ҷорӣ кардааст. Дар мавлуди паёмбари ислом вай зиёда аз 1000 писари навзодро Муҳаммад номгузорӣ кард.
XS
SM
MD
LG