Пайвандҳои дастрасӣ

Намунаи нави кафшандозии сиёсӣ дар нишасти хабарӣ


Журналисти сикх дар ҷараёни нишасти хабарӣ кафши худро ба тарафи вазири умури дохилии Ҳиндустон партоб кард. Вай аз посухи вазир дар бораи ошӯбҳои соли 1984, ки сабаби қатли садҳо сикх шуда буд, ба ғазаб омадааст. Вазир Паланиаппан Чидамбарам худро ақиб гирифта ва кафш ба ӯ нарасид. Вай лабханд зад ва аз муҳофизонаш хост, журналистро аз толор берун кунанд. Ин навтарин намунаи истифодаи кафш дар изҳори эътироз аст, ки қаблан дар муқобили президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Буш ва сарвазири Чин, Вен Ҷябао ба кор бурда шудааст.
XS
SM
MD
LG