Пайвандҳои дастрасӣ

Шахсе боздошт шудааст, ки мехост Обамаро бикушад


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, полиси Туркия мардеро ба ҳабс гирифтааст, ки иддао дорад, мехост, президенти Амрико Барак Обамаро дар ҷараёни сафари ӯ ба Туркия ба қатл расонад. Хадамоти махфӣ, ки Обамаро муҳофизат мекунад, рӯзи душанбе хабар дод, полиси Туркия ин шахсро рӯзи ҷумъа дар Истамбул боздошт кардааст. Сухангӯи Хадамоти махфӣ, Эд Донован мегӯяд, Обама рӯзи якшанбе вориди Туркия шуд ва хатаре ба ӯ таҳдид намекард. Дар бораи ҳувияти ин шахс тафсилот дода намешавад, аммо Хадамоти махфӣ мегӯяд, таҳқиқи парвандаро думбол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG