Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонони гуштии озоди Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод, ки дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Муовини сардовари ин мусобиқа Абдурозиқ Олимов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 113 паҳлавон аз манотиқи мухталифи кишвар аз рӯи 7 вазн қувваозмоӣ карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ гуштигирони шаҳри Душанбе – Сайёд Раҳимов дар вазни то 55 кг, Эраҷ Табаров (то 60 кг), Ғуломҷон Шарифов (то 66 кг), Азамат Сӯфиев (то 74 кг), Фарҳод Анорқулов (то 96 кг) ва Эраҷ Азизов (то 120 кг) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар вазни то 84 кг Комил Шералиев, аз вилояти Хатлон, пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG