Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талош барои ҳифзи паррандагони нодир


Вазъи ногувори иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба табиати нотакрори кишварҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Вале ахиран дар Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон баъзе иқдомҳои муштарак барои ҳифзи паррандагони нодир раҳандозӣ шудааст.

Осиёи Марказӣ, ки дар чорраҳаи муҳоҷират қарор дорад, макони зисти даҳҳо миллион парранда мебошад. Бар пояи омори расмӣ дар ин минтақа камаш 530 навъи парранда иқомат доранд. Аз ин миён тақрибан ба 20 навъи онҳо, аз ҷумла ӯрдаки сарсафед маъруф бо номи Oxyura leucocephala маҳви комил таҳдид менамояд.

Бо ҳадафи ҳифзи табиату набоботи нодири минтақаи Осиёи Марказӣ ҳомиёни муҳити зист муттаҳид шуда, минтақаҳои муҳими буду боши паррандагонро дар қаламрави Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон тартиб додаанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Майкл Бломбахер, узви Ҷомеаи салтанатии ҳифзи паррандагон, як созмони хайрияи британиявӣ аз шаҳри Алмаато гуфт:

"Дар Осиёи Марказӣ аз даврони Шӯравӣ минтақаҳои хуб ҳифзшудаи будубоши паррандагон мерос мондаанд. Вале дар байн камбуде ҳам ҷой дорад. Зеро табиати минтақа гуногун буда, берун аз шабакаҳои танзим шуда ҳам паррандагони нодир зиёданд. Дар асарҳое, ки мо бар пояи пажӯҳишҳоямон ба табъ расондаем, мо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳукуматҳои минтақа камбуҳоро ошкор намудем."

Натиҷаҳои пажӯҳиши ҳомиёни муҳити зист дар масъалаи минтақаҳои муҳими будубоши паррандагон дар Қазоқистону Узбакистон моҳи сентябри соли гузашта ба табъ расидаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки моҳи маи соли равон китобе дар бораи минтақаҳои будубоши паррандагони нодири Туркманистон ҳам интишор шавад.

Дар ин пажӯҳишҳо шароити зисти паррандагон дар 219 мавзеи Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ҷамъан 20 миллион ҳектар заминро ташкил медиҳад, таҳқиқ шудааст. Ҳамчунин, муаллифон ба мақомот беҳтарин роҳҳои ҳифзи мувозинати табии ин минтақаҳоро машварат додаанд. Барои татбиқи лоиҳаи ёдшуда ҳукуматҳои Британия ва Олмон 720 ҳазор евро тахсис додаанд. Ба қавли Бромбахер, дар ҷараёни таҳқиқот ҳукуматҳои се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ намуда, ба муҳаққиқон имкони зиёрат аз мавзеъҳоро фароҳам овардаанд.

Роман Қашқаров, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Узбакистон мегӯяд, пажӯҳиш ва китобҳое, ки баъдан донишмандон ба табъ расонданд, аз ду ҷиҳат муҳим мебошанд. Аввалан, созмонҳои ғайридавлатие, ки ин пажӯҳишро амалӣ намудаанд, ба қадри кофӣ таҷриба омӯхтанд. Сониян, Қашқаров меафзояд:

"Пажӯҳиши IBA ё худ минтақаи минтақаҳои муҳими будубоши паррандагон бар пояи меъёрҳои умумӣ сурат гирифт. Аз ин рӯ, маълумот дар бораи гуногуншаклии табиати минтақаҳои мухталифро метавон дар як чорчӯби муштарак гузошт. Пажӯҳишгарони се ҷумҳурӣ имкони иловагӣ пайдо карданд, ки ҳамроҳ дар майдон кор кунанд, омӯзишҳои мухталиф доир намоянд, табодули назар кунанд ва билохира мунтахаби мақолаҳояшонро ба табъ расонанд."

Суханони Қашқаровро пажӯҳишгари британиявӣ дастгирӣ намуда, хотирнишон кард, ки тӯли се сол дар татбиқи лоиҳа беш аз 200 донишҷӯ, ходимони соҳаи ҳифзи муҳити зист, саййодон ва довталабҳо саҳм гирифтаанд. Дар поёни сӯҳбат пажӯҳишгарон изҳор намуданд, нақша доранд дар ду ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ, ки ҳар ду кӯҳӣ буда, табиати шабеҳедоранд, яъне Тоҷикистону Қирғизистон лоиҳаи алоҳида мадди назар гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG