Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама бо Бобоҷон ва Наълбандиён


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки бо як сафари дурӯза дар Туркия ба сар мебарад, шоми душанбе дар Истанбул бо вузарои хориҷаи Туркияву Арманистон Алӣ Бобоҷон ва Эдуард Наълбандиён мулоқот кард. Ин мулоқот ҷузъе аз талошҳо ба хотири ба сӯи гуфтугӯ ва оддӣ сохтани равобити Анкараву Ереван номида мешавад. Обама қаблан дар Анкара гуфт, ӯ намехоҳад, ки равобити Амрико бо ҷаҳони Исломро ҷанг алайҳи шабакаи Ал-Қоида муайян кунад. Обама дар парлумони Туркия гуфт, медонад, ки равобити Амрико бо ҷаҳони Ислом хадшадор шудааст, аммо, афзуд ӯ, Амрико дар ҳоли ҷанг бо Ислом нест. Обама ҳамчунин аз Туркия даъват кард, ба хотири расидан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ислоҳоти либералиро суръат диҳад.
XS
SM
MD
LG