Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даромадҳои хоксоронаи Медведев ва Путин


Раисиҷумҳур ва сарвазири Русия даромадҳои соли гузашта ба даст овардаи худро эълом карданд. Дмитрий Медведев соли гузашта 4 100 000 рубл, чизе муодили 124 000 доллари амрикоӣ даромад доштааст, яъне 13 дарсад камтар аз даромади сарвазираш Владимир Путин. Медведев, ки решакан кардани фасодро дар рууси сиёсатҳояш қарор додааст, дар эъломияи молиётии худ ҳамчун хабар дода, ки дар суратҳисобҳои бонкиаш 85 000 доллар пул дорад. Ӯву ҳамсараш ҳамчунин як манзили масоҳаташ 385 метри мураббаъро дар ихтиёр дошта, танҳо мошини марбут ба хонаводаи онҳо “Фолксваген Голф”-и ҳамсараш будааст. Владимир Путин даромадҳои соли гузаштаашро 4 700 000 рубл, муодили 141 000 доллар, нишон дода, гуфтааст, манзили шахсиаш ҳамагӣ 77 метри мураббаъ масоҳат дорад. Путин ҳамчунин соҳиби ду мошини кӯҳнаи сохти Русия ва 1 500 метри мураббаъ замин будааст.
XS
SM
MD
LG