Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳзанҳо 5 киштии дигарро асир гирифтанд


Роҳзанҳои дарёии кишвари африқоии Сомалӣ тайи рӯзҳои ахир дар обҳои уқёнуси Ҳинд 5 киштиро таҳти тасарруф даровардаанд. Бино ба хабарҳо, ин раҳзанҳои саропо мусаллаҳ рӯзи душанбе як киштии боркаш ва як киштии Тайванро забт кардаанд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе онҳо ҳамин тавр, як яхтаи фаронсавӣ, як буксири яманӣ ва як киштии боркаши Олмонро асир гирифтанд. Раҳзанҳои Сомалӣ киштиҳои хориҷиро одатан ба хотири гирифтани фидя асир мегиранд.
XS
SM
MD
LG