Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Молдова ин бор низ коммунистҳо пирӯз шуданд


Бино бар натоиҷи ниҳоии шумориши оро, ҳизби ҳокими коммунисти Молдова дар интихоботи ҷадиди парлумони ин кишвар низ бо касби 49,9 дарсади оро баранда шудааст. Се ҳизби мухолифин дар маҷмӯъ ҳудуди 35 дарсад раъйи мувофиқи мардумро ба даст оварданд. Ин натиҷа ба коммунистҳо имкон медиҳад, аксари курсиҳо аз 101 курсии парлумони ояндаро соҳиб шаванд. Маҳз парлумони нав раисиҷумҳури ҷадиди Молдоваро, ки бояд дар ин симат раҳбари феълии кишвар Владимир Воронинро иваз кунад, интихоб хоҳад кард. Воронин, ки низ намояндаи коммунистҳост, аз соли 2001 ба ин сӯ дар сари қудрат қарор дорад ва ҳарду давраи мумкини раҳбариашро пушти сар карда, дигар ҳаққи ширкат дар интихоботи навбатии раёсати ҷумҳуриро надорад.
XS
SM
MD
LG