Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти кам 37 кушта дар 7 таркиш дар Бағдод


Пулиси Ироқ мегӯяд, бар асари инфиҷори 7 мошини бамбгузоришуда дар гӯшаҳои гуногуни Бағдод дасти кам 37 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд. Ин авҷи нави хушунат дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки мизони хушунат дар Ироқ ба гунаи аз соли 2003, яъне аз оғози ҷанги Ироқ ба ин сӯ бесобиқа пойин рафта буд. Пурқурбонитарин ҳамла дар бозори пуриздиҳоми минтақаи шиъанишини Садри Бағдод сурат гирифт ва дасти кам 10 кушта барҷой гузошт. Дар ҳамин ҳол, як сарбози Амрико дар вилояти Диёла, воқеъ дар шимолу шарқи Бағдод, ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG