Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон бонки маводи сӯхти ҳастаӣ сохтанист


Қазоқистон гуфт, мехоҳад дар қаламраваш ба як бонки байналмилалии маводи сӯхти ҳастаӣ макон диҳад, то кишварҳое, ки тавлиди нирӯи ғайринизомии барқи ҳастаиро дунбол мекунанд, тавонанд маводи барояшон лозимро аз ин бонк дарёфт кунанд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ин пешниҳодро дар нишасти хабарие, ки дар Остона ҳамроҳ бо ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод барпо кард, изҳор дошт. Ин пешниҳод ба кишварҳое, назири Эрон, имкон медиҳад, бидуни таъқиби барномаҳои ғанисозии ураниум ба маводи сӯхти ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон инак чандин сол боз боиси набардҳои шадиди дипломатӣ миёни Теҳрон ва кишварҳои Ғарб аст.
XS
SM
MD
LG