Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

МакКирнан ба нирӯҳои Афғонистон ҳанӯз мутмаин нест


Генерал Девид МакКирнан, фармондеҳи аршади Амрико дар Афғонистон, гуфт, аз нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба нирӯҳои афғон супурдани масъулияти таъмини амният чандин соли дигарро тақозо мекунад. МакКирнан, ки бо хабарнигорон аз қароргоҳи НАТО дар Кобул тавассути моҳвора сӯҳбат мекард, паноҳгоҳҳои ҷангиён дар хоки Покистонро як чолиши аслӣ ба қалам дод. Вай гуфт, пулиси Афғонистон дар амри таъмини амният ҳанӯз аҷз мекашад ва бо вуҷуди пешрафтҳои дипломатӣ ва расидани ҳазорон нирӯи изофӣ дар моҳи равон таҳвили қудрат дар Афғонистон боз чанд соли дигарро дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG