Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як сарбози Ҳолланд дар Афғонистон кушта шуд


Мақомоти низомии Ҳолланд мегӯянд, ҳамлаи мушакии ҷангиён ба як пойгоҳи бузурги низомии Ҳолланд дар Афғонистон мунҷар ба ҳалокати як сарбози ҳолландӣ ва захмӣ шудани 5 тани дигар шуд. Генерал Питер ван Ум, фармондеҳи артиши Ҳолланд, гуфт, ҳамлаи рӯзи душанбе ба пойгоҳи нирӯҳои Ҳолланд дар вилояти Урузгон 2 сарбози афғонро низ захмӣ барҷой гузошт. Ба ин тартиб, талафоти ҷонии нирӯҳои Ҳолланд дар Афғонистон аз моҳи августи соли 2006 ба ин сӯ ба 19 нафар расид. Феълан дар ҳайъати нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон, ки таҳти фармони НАТО қарор дорад, ҳудуди 2000 сарбози Ҳолланд фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG