Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба хотири наҷоти худ меҷангад


Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба мақомоти аршади амрикоӣ гуфт, Покистон ба хотири наҷоти худ бо терроризм вориди набард шудааст ва ба фишори ҷангиён гардан нахоҳад дод. Дафтари Зардорӣ ин изҳоротро дар пайи мулоқоти ӯ бо фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен ва фиристодаи хоси Вошингтон дар умури Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук нашр кард. Дар изҳорот омадааст, ки Зардорӣ бо Муллен ва Ҳолбрук стротежии ҷадиди моҳе пеш эълонкардаи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба хотири шикаст додани ҷангиён дар Афғонистону Покистонро баҳс кардаанд. Ин ду мақоми аршади Амрико ба дунболи дидори дурӯзаи худ аз Афғонистон вориди Исломобод шуданд.
XS
SM
MD
LG