Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониҳои заминларза аз 150 гузашт


Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ гуфт, бар асари заминларзаи шадид дар вилоятҳои марказии ин кишвар беш аз 150 нафар кушта ва 1500 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Зилзилаи субҳи душанбе, ки шиддаташ, тибқи ҷадвали Рихтер, 6,2 балл баровард шудааст, ҳамин тавр, даҳҳо ҳазор нафарро бе хонаву дар ба ҷо гузошт. Хисороти аз ҳама бештар дар шаҳри қадимаи ЛАкуила ба мушоҳида расида, сарвазир Берлусконӣ дар вилояти кӯҳистонии Абруззо вазъи изтирорӣ эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG