Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия:Ҷустуҷӯи афроди зери овормонда идома дорад


Дар Италия ҷустуҷӯи афроди зери овормонда идома дорад. Ба иттилоъи наҷотбахшон, бар асари заминларза дар вилояти кӯҳии Абрутсо ва маркази он шаҳри бостонии Лакуила, дар тақрибан сад километрии пойтахти кишвар - шаҳри Рум, беш аз 90 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ, тақрибан яку ним ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бархе аз деҳоти атрофи шаҳри Лакуила комилан тахриб шудаанд. Айни ҳол, ба иттилоъи расмӣ, тақрибан 50 ҳазор нафар бехонумонанд ва мақомот барои онҳо шаҳракҳои хаймавӣ ва бемористони сайёр ташкил мекунанд. Заминларза шаби гузашта рух дод ва баъд аз чанд соат дубора такрор шуд. Гуфта мешавад, ки нерӯи заминларзаи аввал дар маркази офати табиӣ ба 6,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.
Имрӯз Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Италия, дар ин минтақа вазъи изтирорӣ эълон кард. Аз ин пеш ӯ сафараш ба Маскавро мавқуф гузошта буд.
XS
SM
MD
LG