Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, дар ҷараёни посух додан ба пурсиши шунавандагони Радиои Афғонистони Озод, бахше аз Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, изҳори умедворӣ кард, ки қонуни баҳсбарангези “Аҳволи шахсии аҳли ташайюъ” дар Афғонистон бознигарӣ хоҳад шуд. Ин қонун, ки моҳи гузашта аз тарафи раисҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ба имзо расид, махсус барои ақаллияти шиъаҳои Афғонистон таҳия шуда, як пасрафти бузург дар масъалаи ҳуқуқи зан дар оила ва ҷомеа хонда мешавад.

Хонум Клинтон гуфт:

«Нахуст бояд бигӯям, ки бисёр хурсандам, ки ин ҷо ҳамроҳи шумо ҳастам. Ин як фурсати муҳим барои ман аст, ки мустақиман бо мардуми Афғонистон сӯҳбат мекунам. Ман медонам, ки ин радиоро ба таври васеъ гӯш мекунанд ва зарфияти азиме барои таҳияи маълумот ва додани ҷавоб ба шунавандагон дорад. Чунончӣ мо имрӯз ба суолҳое, ки мардуми Афғонистон додаанд, посух мегӯем.

Ман се бор дар Афғонистон будам ва роҷеъ ба ин ояндаи ин сарзамин хушбин ҳастам. Амиқан лозим аст, ки мо тамосҳо ва иртибототро на танҳо миёни ҳукумати ҷадиди мо ва ҳукумати Афғонистон, балки ҳамчунин миёни мардуми ду кишвар беҳбуд бахшем.

Ва аммо дар мавриди суоли шумо роҷеъ ба он қонун. Ман аз ин қонун ҷиддан нигаронам, зеро ман фикр мекунам, ин қонун арзишҳои аксарияти мардуми Афғонистонро мунъакис намесозад.

Ин қонун, тавре ман иттилоъ дорам, марбут аст ба як нуфуси ақаллияти ақаллиятҳо дар Афғонистон. Ҳадафи ин қонун он аст, то маҳдудиятҳои сахт ва хашинеро таҳмил кунад, махсусан бар атфол ва занон. Ман мухолифат ва нигаронии худро дар иртибот ба ин қонун мустақиман ба раисҷумҳур Карзай иброз доштам. Раисҷумҳур Обама низ дар ин бора сӯҳбат кард. Ҳақиқат ин аст, ки ин қонун бо масире, ки Афғонистон интихоб кардааст, мутобиқат надорад ва фикр мекунам, ин қонун бо Қонуни асосии Афғонистон низ мушкилот дорад.

Ман умедворам, раҳбари Афғонистон ин қонунро бо диққати комил бубинад ва дар ин маврид тасмиме бигирад, зеро ин қонун мавриди қабули ҷомеаи Афғонистон, хоссатан атфол ва занон намебошад.»

Дар идомаи ин сӯҳбат раиси Радиои Афғонистони Озод, доктор Акбар Аёзӣ, пурсиши шунавандаеро дар миёни гузошт, ки аз Кобул занг зада гуфтааст, талаф шудани шаҳрвандони осоишта дар бархе аз ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон мардумро аз ин нерӯҳо норозӣ карда, ба манфиати душман мебошанд ва душманони Афғонистонро тақвият мекунанд. Назари шумо чист?

«Ман аз талафоти мардуми мулкӣ ниҳоят мутаассир ва мутаассифам. Воқеан, ман ҳамчун як модар дилам ба ҳар як тифле, ки ба чунин мусибат рубару мешавад, месӯзад, хоссатан барои духтараки хурде ки худро бидуни оила ва саробоне ҳис мекунад, он тавре ки шумо тавзеҳ додед. Умедворам, аз замоне ки ин иттифоқ роҳ афтода, ин духтарак ҷой ва маскане пайдо карда бошад.

Талафоти мардуми мулкӣ чизест, ки мо рӯйи он ба сурати ҷиддӣ бо ҳукумати Афғонистон кор мекунем, то ҷилави он гирифта шавад. Воқеан, аз замони он ҳодисае, ки шуо ёд кардед, тағйироте ҳам дар сиёсат ва ҳам дар амалиёти низомӣ ба вуҷуд омадааст.

Вале ба ҳар сурат ин гуна ҳодисаҳо дар натиҷаи хушунатҳои давомдоре, ки Толибон, ал-Қоида ва муттаҳидини онҳо муртакиб мешаванд, рӯй медиҳад. Онҳо даст ба амалиёти интиҳорӣ мезананд ва онҳо ба ҳаёти инсонҳо ҳеҷ арзишу эҳтиромеро қоил нестанд. Мо медонем, ки онҳо ба иқдомоти вайронкунандае дар саросари Афғонистон даст мезананд, ки бояд мутаваққиф шавад зеро мардуми Афғонистон мехоҳад дар сулҳ ва субот зиндагӣ кунад. Мо як Афғонистони босубот ва сулҳомезро мехоҳем, ҳамон тавре ки мардуми Афғонистон мехоҳанд. Биноан, онҳое ки назароти ифрот доранд, дар пайи қудрат ҳастанд ва ба меъёрҳои ҷомеа ва мазҳаб эҳтиром намегузоранд ва даст ба хушунат мезнанд, бояд мутаваққиф сохта шаванд. Дар ин иртибот мо бо урдуи миллӣ аз наздик ҳамкорӣ мекунем, то иқдомоташонро ба тарафи онҳое ки мустақиман масъули чунин ҳаводис ҳастанд, маътуф бидоранд.

Ман фикр мекунам, шунавандагон медонанд, ки дар вақти додани ҷавоб ба хушунатҳо мутаассифона баъзан талафоте ба вуҷуд меояд. Биноан, онҳое ки муртакиби чунин хушунатҳо мешаванд, дар марҳилаи нахуст бояд онро мутаваққиф бисозанд ва ин чизест, ки мо дар талоши он ҳастем.

Умедворем, ки бо стратегияи ҷадиде, ки аз сӯи Барак Обама таҳия шудааст, муваффақияти бештаре дошта бошем. Интизор дорем, Толибон ва соири мухолифинеро ки бо аҳдофи ифротӣ мутааҳҳид намебошанд, мутақоид созем, ки ба оғӯши кишварашон баргарданд. Ва онҳоеро ки оштинопазир ҳастанд, шикаст бидиҳем ва дар инзиво қарор бидиҳем. Ин аст, он чӣ ки мо қасд дорем, анҷом бидиҳем.»

Як шунавандаи дигар аз хонуми Клинтон, Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, дархост кардааст, вақте ба Афғонистон сафар мекунад, на бо ҳукумати ин кишвар, балки бо мардуми он мулоқот кунад. Вай мегӯяд, ин ҳукумат ба 80 дарсад дар фасод ғарқ аст. Вай ҳамчунин хоҳиш кардааст, саволашро таҳрир ё сонсур накунанд. Хонуми Клинтон ба ин пурсиш чунин посух дод:

«Ман бо ин суол комилан мувофиқам. Бениҳоят муташаккирам, ин суол дода шуд ва ҳеҷ сонсуре нашудааст. Фикр мекунам, фасоди идорӣ мушкили бузурге дар Афғонистон ҳаст ва ман дар ин маврид ба таври ошкор сӯҳбат кардаам. Раисҷумҳур Барак Обама ва намояндаи хоси мо Ричард Ҳолбрук низ дар ин маврид ба сароҳат сухан гуфтаанд. Мо аз он чӣ дар тавон дорем, истифода мекунем ва талош мекунем, то бо гирифтани иқдомоти дуруст ҷилави фасоди идорӣ гирифта шавад в аин падида за байн равад. Фасоди идорӣ монанди саратонест, ки бовар ва эътимоди мардуми Афғонистонро нисбат ба ҳукуматашон аз байн мебарад. Ин мавзӯъро ба намояндагони ҳукумат гуфтаам. Мо бо он чӣ дар тавон дорем, мекушем то барои аз байн бурдани фасод идома бидиҳем ва ҳамроҳ бо мардуми Афғонистон дар ин самт якҷо кор кунем.

Мардуми Афғонистон ба ҳадди кофӣ ранҷ бурдаанд. Онҳо зарфи 20 соли гузашта хеле ранҷ кашидаанд. Онҳо мустаҳаққи вазъи беҳтаре мебошанд, мустаҳаққи ҳукуматеянд, ки аз онҳо ҳимоят кунад, дар паҳлӯи онҳо биистад ва ба онҳо дар шакл додани ояндаи ҷадид ёрӣ бирасонад. Махсусан занон ва атфоли Афғонистон ба ҳамаи ин ҳақ доранд.

Ман шахсан се бор ба Афғонистон сафар кардаам ва дар ҳар дидорам он ҷо бо мардум, занон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, афроди донишманд мулоқот кардаам. Ҳамчунон, бо намояндагони мардуми Афғонистон дар ИМА мулоқот кардаам. Дар ҳамин авохир пас аз эълони стратегияи нави Амрико тавассути раисҷумҳур Барак Обама шуморе аз тоҷирони афғон ба мулоқоти мо омаданд.

Кӯшиш кардаам, бештар бо мардуми Афғонистон сӯҳбат кунам. Вале ниёз ба сӯҳбат бо ҳкумат низ вуҷуд дорад. Бояд бо ҳукумат кор кард ва дар ҷойҳое, ки лозим аст, тағйирот ва ислоҳот ба миён ояд.

Мо аз ҳеҷ номзаде дар интихоботи ояндаи Афғонистон ҳимоят намекунем. Аммо барои он ки мардуми Афғонистон битавонанд, интихоботи озод, мунсифона ва машрӯъ дошта бошанд, шуморе аз нерӯҳоро барои таъмини амнияти интихобот ба ин кишвар мефиристем.

Мехоҳам, як нуктаи дигарро дар мавриди занони афғон илова кунам. Ман аз виқор, зебоӣ ва тааҳҳуди занони Афғонистон хеле хушам меояд. Намедонам, ки оё ман монанди занони афғон барои таҳаммули давраи ишғол аз сӯйи Шӯравии собиқ, замони ҷангсолорон ва ҷангҳо дар замони Толибон ва шиканҷаи занон қавӣ буда метавонистам ё на. Вале рӯҳияи занони афғон қавист. Онҳо ҳақ доранд, ки аз сӯи мардони хонаводаҳояшон мавриди эҳтиром қарор бигиранд. Онҳо мустаҳаққанд, то ҳукумат барояшон фурсатҳоеро фароҳам бикунад ва ҳуқуқашонро ба онҳо бидиҳад. Ва онҳо ҳақ доранд, ки зиндагияшонро худ интихоб кунанд. Ман умедворам, ки битавонам корҳои зиёдеро барои тавонманд сохтани занони афғон ба манзури пешбурди як зиндагии бовиқор анҷом бидиҳем.»

Бисёре аз шунавандаҳо ба стратегияи нави Амрико дар Афғонистон рағбат зоҳир мекарданд ва дар ҳоле ки бархе ин стратегияро ситоишу бархе интиқод мекарданд, яке аз шунавандагон, на таърифу на танқид кард, балки пурсиши ҷолибе ба миён гузошт, ки агар ин стратегия ҳам шикаст хӯрад он гоҳ дар Афғонистон чӣ чиз иттифоқ меафтад. Хонуми Клинтон гуфт:

«Ман ба ин шунаванда барои ин суоли мустақимаш ташаккур мегӯям. Мо барои муваффақ шудани ин стратегия талош мекунем, вале комёбӣ ва ё нокомии ин стратегия ба мардуми Афғонистон иртибот дорад. Муваффақияти ин стратегия марбут ба ин аст, ки оё мардум ба як ояндаи ҷадид омодаанд? Оё пулис ва афсарони ҷадид омӯзишеро ки ниёз аст, мегиранд ва ҳам ҳимояти мардумро дар барқарории амният ба даст меоваранд? Оё давлат фасодро маҳв карда метавонад ва тааҳҳуд карда метавонад, ки барои хубӣ ва манфиати мардуми Афғонистон талош хоҳад кард?

Пирӯзии ин стратегия ба ин низ иртибот дорад, ки он идда аз Толибон ки назариёти бунёдгароӣ надоранд, инро бидонанд, ки набояд бо ҷангҷӯёни хориҷӣ ва барои манофеъи хориҷӣ ҳамдаст шаванд, яъне бо касоне ки хоҳони манфиати Афғонистон нестанд ва аз Афғонистон барои ҳадафҳои дигар истифода мекунанд. Ва агар ҳама якҷо шаванд, ин стратегия муваффақ хоҳад шуд. Раисҷумҳур Обама ба ин стратегия бовар дорад.

Ин барои мо кори мушкил аст, ки фарзандони худро ба Афғонистон бифиристем. Онҳо ва оилаҳои онҳо намехоҳанд, ки аз ҳам дур бошанд, вале хонаводаҳои онҳо медонанд, ки фарзандони онҳо талош доранд, ки ба мардуми Афғонистон кӯмак бикунанд.

Мо дар баробари мардуми Афғонистон тааҳҳудоте дорем ва шаҳомат ва далерии мардуми Афғонистон дар рӯҳияи онҳо дар кишвари ман мавриди таҳсин қарор дорад. Мо ҳозирем, шуморо кӯмак бикунем, то шумо худ битавонед худро кӯмак бикунед. Пас ин стратегия дар сурате муваффақ мешавад, ки мардуми Афғонистон хоҳони муваффақияташ бошанд. Мо ҳар он чӣ дар тавон дорем, анҷом медиҳем ва бо нерӯҳои изофии худ ва бо кормандони хайрияи изофии хеш, омӯзгорон ва дигарон ба шумо васоилеро дар ихтиёр мегузорем, ки шумо ба он барои ҳифозати худ ниёз доред.

Шумо дар минтақаи хатарноке ба сар мебаред ва мо мехоҳем, ки Афғонистон як кишвари озод, дорои ҳокимияти миллӣ ва соҳиби нерӯи тасмимгирӣ барои ояндаи худ бошанд. Ва мо бар ин боварем, ки стратегияи ҷадид ба мо фурсат медиҳад, ки дар ин замина муваффақ бошем.»
XS
SM
MD
LG