Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Сӯҳроб Лангариев сар шуд


Дар Душанбе мурофиаи додгоҳии Сӯҳроб Лангариев, бародари хурдии Лангарӣ Лангариев, яке аз фармондеҳони аршади Фронти халқӣ оғоз шуд.

Сӯҳроб Лангариев аз ҷумла дар тиҷорати ҳаҷми бузурги маводи мухаддир, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, зиддияти мусаллаҳона ба ҳукумат муттаҳам мешавад.

Маҳмадалӣ Юсуфов, сухангӯи раиси додгоҳи олӣ, гуфт, мурофиа паси дарҳои бастаи Кумитаи амният мегузарад ва додгустари ин мурофиа Зафар Азизов, муовини раиси додгоҳи олӣ, мебошад.

Сӯҳроб Лангариеви 30-сола охири моҳи майи соли гузашта ҳангоми як амалиёти мусаллаҳонаи мақомоти интизомӣ дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуда буд.

Дар он амалиёт дар хонаи Сӯҳроб Лангариев ҳамчунин ҷияни ӯ, Аъзам Лангариеви 24-сола (фарзанди Лангарӣ Лангариев) ва Нурмаҳмад Сафарови 22-сола (фарзанди Сангак Сафаров) ва чанд шаҳрванди Афғонистон боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG