Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни зилзила меафзояд


Мардуми ваҳшатзадаву гирён, бемористонҳои лабрез аз маҷрӯҳон, садои баланди мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва хонаҳои нимавайрону пуртарқиш.

Ин аст тасвири шаҳри қадимаи Лакуилаи Итолиё, ки дар 100-километрии шимолу шарқи пойтахти ин кишвар - шаҳри Рим воқеъ аст. Заминларзаи қавӣ ва харобиовар соати севу си дақиқаи бомдод минтақаи Абруззоро такон дод, ки хонаи даҳҳо ҳазор нафар аст.

Пас аз як шабонарӯзи зилзила, шумори қурбониёни зилзила ба 150 нафар расида, ва ҷустуҷӯ идома дорад. Пас аз як шабонарӯзи воқеа, мақомот ҳанӯз ҳам шумори дақиқи афродеро, ки зери харобаҳои биноҳо мондаанд, намедонанд. Ин рақам то ба 100 нафари дигар тахмин зада мешавад.Шумори ҳадди ақалли маҷрӯҳон то ҳоли ҳозир 1500 нафар бароварда мешавад. Даҳҳо ҳазор нафари дигар бе хонаву дар мондаанд.

Пажӯҳишгоҳи заминларзашиносии Итолиё мегӯяд, нерӯи заминларза 5,8 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер будааст, аммо, ба гуфтаи Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико, нерӯи заминларза 6,3 дараҷа будааст. Як сокини шаҳри Лакуилаи Итолиё, ки аз тарси заминларза аз меҳмонхона берун гурехтааст, мегӯяд, «мо дар меҳмонхона будем, ҳама чӣ ба ларзидан даромад ва мо берун гурехтем. Хонаҳо фурӯ мерафтанд».

Ба гуфтаи шоҳидон, заминларза ҳудуди 30 сония идома кардааст, ба ҳадде, ки ба гуфтаи мақомот, дасти кам 10 ҳазор хона дар минтақа осеб дидааст. Массимо Сиаленте, шаҳрдори Лакуила, мегӯяд, қариб 100 ҳазор нафар сокинони шаҳр ҳангоми заминларза хонаҳояшонро тарк кардаанд ва бисёре аз хонаҳои зебои қадимаи маркази шаҳри асримиёнагӣ осеб дидаанд. Боми хонаҳои зиёде фурӯ рафта ва роҳҳои кӯҳии минтақа низ бар асари резиши сангреза баста шудааст.

Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё, аз сафараш ба Русия даст кашида ва дар минтақа вазъи фавқуллода эълон кард. Барои рафъи паёмадҳои фалокат Силвио Берлусконӣ амр додааст, то аз ҳисобҳои захиравӣ истифода шавад ва қасд доштааст ба зудӣ аз маҳалли ҳодиса дидан кунад.

Итолиё дар як минтақаи заминларзахези Аврупо воқеъ аст ва 20 миллион нафар дар ин кишвар дар маҳалҳои хатарноки фалокат ба сар мебаранд. Соли 1997 як заминларзаи қавӣ дар Итолиё ҷони 13 нафарро гирифт ва як мероси фарҳангии бебаҳои ин кишварро нобуд кард. Соли 2002 як чунин фалокат 30 нафар, аз ҷумла 27 ҳафт муҳассили як мактабро кушт. Заминларзаи харобиоваре дар соли 1980 дар ҷануби Итолиё сабаби марги тақрибан 2 600 нафар шуд ва 30 ҳазор нафари дигарро бехонаву дар гузошт.

XS
SM
MD
LG