Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар назди Думаи давлатӣ ҳисобот дод


Нахуствазири Русия Владимир Путин дар назди вакилони Думаи давлатӣ дар бораи фаъолияти ҳукумат гузориш дод. Ӯ Барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат ва буҷаи бознигаришуда барои соли 2009-умро муаррифӣ кард ва ба суолҳои вакилон посух гуфт. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, Владимир Путин изҳор намуд, ки вазъ дар иқтисоди Русия аз вазъ дар иқтисоди ҷаҳонӣ тафовути зиёд надорад. Ӯ афзуд, ки барои рафъи паёмадҳои бӯҳрон дар Русия то 3 триллион рубл тахсис дода мешавад. Ба гуфтаи нахуствазир, дар пиёдасозии сиёсати зиддибӯҳронӣ ҳукумат ба идомаи татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ авлавият хоҳад дод.
Ин нахустин ҳисоботи Владимир Путин дар назди вакилони парлумон ба ҳайси нахуствазири Русия буд.
XS
SM
MD
LG