Пайвандҳои дастрасӣ

Садама дар Душанбе бо ширкати сафири Қазоқистон



Як манбаъ дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабари садамаи нақлиётӣ бо ширкати сафири Қазоқистон дар Тоҷикистонро тайид намуд ва аммо иттилоъи хабаргузориҳо дар бораи осеби ҷиддӣ расидан ба шаҳрвандони Тоҷикистонро рад кард.Субҳи имрӯз хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Душанбе бо айби сафири фавқулодда ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Абутолиб Аҳмадов садамаи нақлиётӣ рух додааст. Хабаргузориҳо бо такя ба нозирони роҳ гуфтанд, ки шоми рӯзи шанбе дипломати қазоқ дар хиёбони Рӯдакӣ ба роҳи муқобил баромад ва дар натиҷа ба ду мошин бархурд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки бар асари садама ду кудак ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамсӯҳбати мо дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки сабабҳои рух додани ин ҳодиса тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG