Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониёни инфиҷор дар Покистон


Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар масҷиди шиаҳо дар музофоти Панҷоби Покистон ба 26 нафар расид. Шаби гузашта бар асари ҷароҳатҳои бардошта чаҳор нафар аз олам даргузаштанд. Инфиҷор дирӯз дар ҷараёни як маросими мазҳабӣ дар масҷиди шаҳри Чаквол, дар 60-километрии ҷануби Исломобод рух дода буд. Масъулияти таркишро гурӯҳи “Фидоиёни исломӣ”, ки бо ифротгароҳои пуштибон аз ҷунбиши “Толибон” робита дорад, бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG