Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз мақбараи Отатурк зиёрат кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, сафари расмӣ ба Туркияро аз зиёрати мақбараи поягузори ҷумҳурии Туркия Мустафо Камол Отатурк дар Анқара шурӯъ кард. Обама имрӯз бо раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул мулоқот ва баъдан дар парлумони Туркия суханронӣ мекунад. Сипас ӯ бо сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон сари мизи музокирот менишинад. Дар нимаи дуввуми рӯз Барак Обама вориди Истамбул хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG