Пайвандҳои дастрасӣ

Дар заминларзаи Италия беш аз 20 кас кушта шуданд


Ба иттилоъи хабаргузориҳои Италия, бар асари заминларза дар манотиқи марказии кишвар беш аз 20 нафар, аз ҷумла, панҷ тифл ба ҳалокат расиданд. Миёни қурбониён сайёҳони хориҷӣ низ ҳастанд, хабаргузориҳо аз ҳалокати ду шаҳрванди Македония иттилоъ доданд. Дар ин ҳодиса даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардошта, ҳазорҳо нафар бехонумон шудаанд. Ба иттилоъи расмӣ, тақрибан 40 нафар айни ҳол ғайбзада маҳсуб мешаванд.
Заминларза шаби гузашта дар вилояти кӯҳии Абрутси ва маркази он шаҳри Л’Акуила, дар тақрибан сад километрии шаҳри Рум рух дод. Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома дорад. Ба иттилоъи зилзиласанҷони амрикоӣ, нерӯи заминларза ба 6,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.
XS
SM
MD
LG