Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи бозиҳои даври аввали лигаи олии футболи Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 4-уми апрел оғоз ёфт.

Дар ҳаждаҳумин давраи ин мусобиқа 10 даста ширкат доранд.

Дар нахустин даври мусобиқа дастаи ҷадиди лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе - дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро дар нимаи дуввуми дидор Дилшод Восиев ва Юсуф Рабиев ба самар расонданд.

Дастаи мизбон «Вахш» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тими ҷадид - «Спитамен»-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғдро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дар ин бозӣ низ ҳарду гол дар нимаи дуввум зада шуд. Рустам Усмонов дар дақиқаи 68-ум ҳисобро кушод. Баъди 10 дақиқа Нӯъмон Ҳакимов тӯби дуввумро ба дарвозаи «Спитамен» ворид кард.

Бозии севвуми даври аввал, ки байни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Гвардия» ва ССКА «Помир» - дар варзишгоҳи ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голҳоро Фирдавс Қурбонов («Гвардия», дақиқаи 48-ум) ва Мирзобек Мирзоев (ССКА «Помир», 90+4) ба ҳадаф расонданд.

Ду бозии дигари даври аввал рӯзи якшанбеи 5-уми апрел доир шуд. Дастаи мизбон «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи қаҳрамони феълии Тоҷикистон – тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода – 2 голи беҷавоб зад. Нахуст Шӯҳрат Шамсиев дар нимаи аввали бозӣ ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Умед Ҳабибуллоев дар нимаи дуввум ба дарвозаи меҳмонон зад.

Дастаи «Энергетик» (Душанбе) дар варзишгоҳи ноҳияи Ҳисор аз тими меҳмон - «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Ду голи «Парвоз»-ро Абдусамад Ҳоҷибоев (дақиқаҳои 33-юм ва 44-ум) ва як голи «Энергетик»-ро Низом Раҳимов (дақиқаи 71-ум) ба самар расонданд.

Бозиҳои даври дуввум: 11-уми апрел – «Парвоз» - «Гвардия», «Регар» ТадАЗ – «Энергетик», 12-уми апрел – «Равшан» - ССКА «Помир», «Спитамен» - «Хуҷанд», «Истиқлол» - «Вахш».
XS
SM
MD
LG