Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадид дар Итолиё


Вилоёти марказии Итолиё, аз ҷумла манотиқи атрофи пойтахти кишвар, шаҳри Румро субҳи имрӯз як заминларзаи шадид, ки шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер, 6,3 балл баровард шудааст, асобат кард. Бино ба хабарҳо, офати табиӣ дар мавзеъи ЛАкуила дар вилояти кӯҳистонии Абруззо, дар 95-километрии шимолу шарқи Рум, мунҷар ба захмӣ шудани афрод ва тахриби манозил шудааст. Хабаргузории итолиёии АНСА навишт, бештари сохтмонҳо дар қисмати қадимаи шаҳри ЛАкуила тахриб шуд.
XS
SM
MD
LG