Пайвандҳои дастрасӣ

Обама имрӯз бо раҳбарони Туркия мулоқот мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз дар Анкара бо раҳбарони Туркия мулоқот мекунад. Туркия нахустин кишвари мусалмонист, ки Обама ба сифати президенти Амрико дидан мекунад. Обама дирӯз дар Прага, қабл аз рафтанаш ба Анкара аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, дар чаҳорчӯби талошҳо ба хотири ҳамкории бештари Ғарб бо ҷаҳони Ислом Туркияро ба узвияти ин созмон бипазирад. Аммо ин пешниҳод аз ҷониби раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел радд шуд. Фаронса мухолифи узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо буда, хонум Меркел гуфт, ин масъала ҳамоно зери суол боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG