Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният баҳси Пхенянро ба тавқиф гузошт


Нишасти изтирории Шӯрои Амнияти СММ бидуни иттихози кадом иқдоми билофосила дар посух ба партоби мушаки Кореяи Шимолӣ ба тавқиф гузошта шуд. Клод Ҳеллер, сафири Мексика, ки раёсати давраии Шӯроро ба ӯҳда дорад, гуфт, ин ниҳод ба баҳси масъала баъдан бармегардад. Амрикову Ҷопон ва кишварҳои ИА аз Шӯрои Амният хоста буданд, партоби, ба гуфтаи онҳо, “иғвоангез”-и мушаки Кореяи Шимолиро, ки рӯзи якшанбе иттифоқ уфтод, маҳкум кунад. Аммо Чину Русия, ду узви доимии Шӯрои Амният, ба иттихози посухи нисбатан мӯҳтотона дар ин масъала исрор варзиданд.
XS
SM
MD
LG