Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук ва Муллен - дар Кобул


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар умури Афғонистон, ва фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен бо сафаре дар Кобул ба сар мебаранд. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли сафорати Амрико дар пойтахти Афғонистон навишт, Ҳолбрук ва Муллен бо мақомоти амрикоиву афғонӣ мулоқот хоҳанд кард. Президент Обама тамаркузи Амрико ба Афғонистонро афзуда, ваъда додааст, бар замми 38 000 сарбози феълан мустақар дар Афғонистон ба он кишвар 21 000 сарбози изофӣ эъзом кунад. Муттаҳидини Амрико дар паймони НАТО низ ҷиҳати “пуштибонии қавӣ ва якдилона”-и сиёсати нави Амрико дар қиболи Афғонистон тааҳҳуд супурдаанд.
XS
SM
MD
LG