Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба сохтани сипараш дар Аврупо идома медиҳад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, то замоне ки таҳдиди ҳастаӣ аз ҷониби Эрон ба қувваи худ боқист, Амрико барномаи истиқрори сипари зиддимушакиаш дар Аврупоро идома хоҳад дод. Барак Обама дирӯз дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, гуфт, рафъ шудани таҳдиди Эрон заминаи қавии амниятро ба вуҷуд оварда, зарурати бунёди пойгоҳҳои мушакӣ дар Аврупоро низ аз байн хоҳад бурд. Амрико мехоҳад, бахшҳои сипари зиддимушакиашро дар Чехияву Лаҳистон ҷо кунад, вале ин барнома ба мухолифати шадиди Русия рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG