Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Дума суханронӣ мекунад


Интизор меравад, сарвазири Русия Владимир Путин имрӯз барномаи зиддибӯҳронии давлаташро дар Думаи давлатӣ муаррифӣ кунад. Баъд аз солиёни рушди босуръат, иқтисоди Русия феълан дучори пасрафт шуда, бо ду мушкили умда – пойин рафтани нархи нафт ва афзоиши бекорӣ - дастбагиребон мебошад. Аксари курсиҳои Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русияро ҳизби ҳокими Русияи воҳид, ки раҳбараш Путин аст, таҳти назорат дорад.
XS
SM
MD
LG