Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи аҳзоби Чехия ба ташкили давлати муваққат


Бино ба хабарҳо, раҳбарони аҳзоби умдаи Чехия ҷиҳати ташкили як кобинаи муваққати вазирон тавофуқ карданд. Ин кобинаи муваққат бояд то 30 июн, яъне то поёни раёсати давраии ин ҷумҳурӣ дар Иттиҳодияи Аврупо амал кунад. Сарвазири феълии Чехия Мирек Тополанек гуфт, ӯ аз номзадии Ян Фишер, раҳбари кунунии идораи омори кишвар, ба мақоми сарвазирии давлати муваққат пуштибонӣ мекунад. Ян Фишер ғайриҳизбист ва қарор аст, то интихоботи пеш аз вақти парлумонӣ, ки ғолибан моҳи октябр доир хоҳад шуд, раҳбарии давлати Ҷумҳурии Чехро бар ӯҳда бигирад.
XS
SM
MD
LG