Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш нафар, аз ҷумла тоҷике муттаҳам ба қатли Ямадаев


Полиси Дубай гуфт, ки муовини нахуствазири Чеченистон Адам Делимхоновро дар эҳтимоли даст доштани ӯ дар куштори Сулим Ямадаев, фармондеҳи артиши ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ муттаҳам мекунанд. Дар гузориши полиси Дубай гуфта шудааст, ки дар куштори Ямадаев эҳтимолан шаш нафар иштирок кардаанд ва ду нафари муттаҳамон - шаҳрвандони Эрон ва Тоҷикистон - аллакай боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор дода шудаанд. Ямадаев, яке аз мунаққидони сиёсати раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамзан Қодиров, ҳафтаи гузашта дар Дубай кушта шуд. Соли гузашта бародари Ямадаев - Руслан, вакили пешини Думаи давлатии Русия дар Маскав эҳтимолан аз дасти қотили касбӣ ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG