Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои таркиши Покистон меафзояд


Полиси Покистон гуфт, ки таркиши бомбае дар масҷиди шиаён дар шимоли ин кишвар дасти кам 22 нафарро кушта ва беш аз 60 тани дигарро захмӣ бар ҷой гузошт. Таркиш имрӯз дар масҷиди шаҳри Чаквал, 60-километрии ҷануби Исломобод дар ҷараёни як маросими мазҳабӣ рӯй дод. Гурӯҳҳои наҷотбахш ҳамоно дар зери харобаҳои масҷид ҷасаду захмиҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Рӯзи шанбе дар паи як силсила таркишҳо дар Покистон беш аз 20 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар як чунин ҳамлаи маргталабе болои сохтмони ниманизомиён дар Исломобод ҳашт узви нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG