Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи DHL барои интиқоли ҳероин


Охири ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе чаҳор шаҳрванди хориҷӣ, ки мехостанд аз роҳи почтаи байналмилалии DHL ҳероинро интиқол диҳанд, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Итар-Тасс аз қавли додгоҳи олии Тоҷикистон менависад, ки инҳо шаҳрвандони Нигерия, Африқои Ҷанубӣ ва Филиппин буданд. Хабар ҳокист, ки ин гурӯҳ мехост 1,6 килограм ҳероинро тавассути бастае ба як кишвари аврупоӣ интиқол диҳад, аммо кормандони ширкати DHL ба сохторҳои ҳифзи қонун дар бораи чунин як бори машкук хабар додаанд. Дар натиҷа, ин афрод боздошт ва то 18 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Итар-Тасс аз қавли мақомоти қудратии Тоҷикистон менависад, ки дар гузашта бештар шаҳрвандони Афғонистон бо ҷурми интиқоли маводи мухаддир боздошт мешуданд. Ҳоло аз рӯи иттилои вазорати адлия, менависад хабаргузории русӣ, дар зиндонҳои Тоҷикистон 230 шаҳрванди ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG