Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ҷаҳонро бе силоҳи ҳастаӣ дидан мехоҳад


Истиқбол аз Барак Обама дар шаҳри Прага

Истиқбол аз Барак Обама дар шаҳри Прага

Барак Обама, раисиҷумҳурии Амрико, дар як суханрониаш дар Прага – пойтахти Ҷумҳурии Чех ба маҳви силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон даъват кард.

Маросиме, ки бо ҳузури 30 ҳазор тамошобин баргузор шуд, Обама барномаеро муаррифӣ кард, ки амнияти ҷаҳонро аз силоҳи ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои ғайриқонуниро дар назар мегирад. Суханронии Обама соатҳо баъди он сурат гирифт, ки Кореяи Шимолӣ мушаки машкуки худро ба мадор партоб кард. Раисиҷумҳурии Амрико гуфт, ки ин амал амнияти кишварҳои дуру наздикро таҳдид мекунад.

Лаҳзаҳои наздикшавии раисиҷумҳурии Амрико Барак Обама ва ҳамсари ӯ Мишел ба майдони Кохи раёсатҷумҳурии Чех дар шаҳри Прага оркестри низомӣ бо марши низомӣ нахустин боздиди раҳбари ИМА-ро аз Прага истиқбол карданд. Баъди маросими шодбош, ки ба мизбонии раисиҷумҳурии Чех Ватслав Клаус ва ҳамсари ӯ Ливиа баргузор шуд, Обама барои анҷоми як мулоқоти расмии мухтасар бо ҳамтои чехаш ва дигар мақомоти ин кишвар вориди кохи раёсатҷумҳурӣ шуд.

Ҳузури дубораи Барак Обама дар баробари мардуми зиёд дар майдон бо кафкӯбиҳо хуш пазируфта шуд. Ва суханронии худро аз маҳкум кардани Кореяи Шимолӣ барои партоби як мушаки бисёрҷиҳата шурӯъ кард. ИМА ва дигар кишварҳо мегӯянд, ки Пйонгянг дар асл бо баҳонаи партоби маҳвора як мушаки дурпаравози нави худро озмоиш кардааст. Обама гуфт, ки ҳоло фурсати як вокуниши шадиди ҷомеаи байналмилалӣ расидааст, то ки Пйонгянг дар кунад, ки бо таҳдид ва аслиҳаи ғайриқонунӣ ба амният ва эътибор даст нахоҳад ёфт.

Обама гуфт, ки соати чору ними саҳар дар Прага чашм кушода хабари партоб шудани мушаки кореягиро дарёфтааст. Аслан мавзӯи суханронии рӯзи якшанбе Обама дар баробари ҳозирин дар майдони Прага маҳз масъалаи даъват ба маҳви силоҳи ҳастаӣ ва халъи силоҳ буд, ки тавре маълум шуд, бо рӯзи озмоиши мушаки кореягӣ мувофиқ омад. Обама гуфт, кишвараш ба ҳайси давлати ботаҷриба дар ин масъала метавонад раҳбарии талошҳо барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи аслиҳаи ҳастаиро ба дӯши худ гирад:

"Ҳамчун танҳо қудрати ҳастаие, ки аз аслиҳаи ҳастаӣ истифода кардааст, ИМА ҳаққи маънавӣ барои амал кардан дорад. Мо батанҳоӣ дар ин талоши худ муваффақ шуда наметавонем, аммо мо метавонем ин талошҳоро раҳбарӣ кунем, мо метавонем шурӯе бубахшем. Аз ин рӯ, имрӯз ман дақиқ ва бо боварии тамом дар бораи ӯҳдадориҳои Амрико дар баробари сулҳ ва амният дар ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ изҳор мекунам".

Дар майдони назди Кохи раёсатҷумҳурии Прага субҳи якшанбе ҳудудан 30 ҳазор мардуми чеху амрикоӣ ва хориҷиҳои дигар ҷамъ шуда буданд. Аксари онҳо аз соати 7 субҳ дар майдон интизори пешвози Обама қарор доштанд, ҳарчанд худи мулоқот баъди соати даҳу ним ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт. Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ Венера Ҷумъатаева яке аз тамошобинон буд ва ӯ таассуроташро чунин бозгӯ кард:

"Мо соати 8 субҳ омадем ва дидем, ки аллакай нисфи майдон пур шудааст. Ҳарчанд худи Обама соати 10 ба суханронӣ шурӯъ кард. Мардум боз омадан гирифтанд, ҳар нафарро аз назари амниятӣ тафтиш мекарданд. Ҳама чиз хуб ташкил шуда буд. Мардум ҳама муттаҳид буданд, ҷавонҳову хориҷиҳои зиёд омада буданд. Суханронии Обамаро ҳама бо диққат гӯш карданд, аз самими дил қарсак мезаданд, ҳамфикрии худро бо ӯ бо садои баланд нишон медоданд. Ӯ бештар дар бораи сулҳ сӯҳбат кард ва гуфт, ки ҳоло ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ бояд бунёд шавад. Ҳама суханронии ӯро писандиданд".

Барои онҳое, ки аз минбари аслӣ дуртар ҷойгир буданд, экрани бузурге ҳамзамон суханронии Обамаро намоиш медод. Ин сеюмин кишвари аврупоист, ки раисиҷумҳурии Амрико аз он дидан мекунад. Пеш аз ин ӯ дар Лондон дар нишасти 20 кишвари сарватманди олам мавсум ба G-20 ширкат карда, рӯзи шанбе дар маросими таҷлил аз 60-умин солгарди НАТО ва интихоби раиси нави паймони Атлантикаи низомӣ дар Страсбурги Фаронса ҳузур дошт. Дар тамоми ҷараёни ин сафари аврупоиаш ӯ куллан бо истиқбли гарми мардум рӯбарӯ шуд.

Сафари Обама ба Прага дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ҳукумати сарвазир Тополанек истеъфо рафтааст. Шикасти ҳукумати Тополанек боз дар шароите сурат мегирад, ки ин кишвар раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад ва имрӯз бояд музокироти ИМА ва Иттиҳодияи Аврупоро мизбонӣ кунад.

Масъалаи дигар болоравии мавҷи эътирозҳо дар ҷомеаи Чех аз барномаҳои истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар хоки ин кишвар мебошад. Рӯзи якшанбе мухолифони ин тарҳ ба баргузории намоишҳои эътирозӣ омодагӣ мегиранд. Аммо мухолифи аслии иҷрои ин қарордоде, ки дар аҳди Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии пешини Амрико, имзо шудааст, Русия мебошад. Маскав мегӯяд, ки сипари зиддимушакӣ ба амнияти миллии Русия метавонад таҳдид кунад.

Ва зимни муроҷиат ба мардум дар Прага Обама ба ин масъала ҳам рӯ овард ва гуфт, танҳо дар сурати беҳбудёбии равобит бо Эрон зарурат ба маҳви тарҳи бунёди сипар пеш хоҳад омад:

"Ҷумҳурии Чех ва Полша дар масъалаи ризоият бо истиқрори сипари зиддимушакӣ ҷасорат нишон доданд. То замоне, ки хатар аз ҷониби Эрон таҳдид мекунад, мо барномаи сипари зиддимушакиро пеш хоҳем бурд, ки як кори боманфиат ва собитшуда мебошад. Дар сурати аз байн рафтани хатари Эрон, мо барои амният заминаҳои қавитар хоҳем дошт ва нерӯи муҳаррики сипари дифоӣ дар Аврупо рафъ мешавад".

Амрико мегӯяд, ки зарурат барои бунёди сипари зиддимушакӣ дар қаламрави Аврупои Шарқӣ бо сабаби афзоиши хатар аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш омадааст. Қарор аст, баъди боздиди Ҷумҳурии Чех рӯзи душанбе Обама вориди Туркия шавад.

XS
SM
MD
LG