Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои байналмилалӣ ба мушаки Корея



Имшаб қарор аст Шӯрои амният як нишасти изтирориро дар сохтмони СММ дар Ню-Йорк барпо кунад. Дар меҳвари ҷаласа баррасии вокунишҳо ба партоби мушаки дурпарвози Кореяи Шимолӣ ба мадор қарор дорад, ки алорағми мухолифатҳои байналмилалӣ субҳи якшанбе анҷом шуда дафъатан бо маҳкумияти шадиди ИМА, Ҷопон ва дигар кишварҳо рӯбарӯ шуд. Сухангӯи раёсатҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Донг-Кван гуфт, ки партоби мушак ба амнияти ҷаҳон таҳдид мекунад:

"Мо илоҷи дигар надорем, ҷуз ин ки аз ин амали Кореяи Шимолӣ изҳори ноумедӣ кунем, чунки партоби як мушаки дурпарвозе воқеан ҳам боиси эҷоди хатар ба амнияти нимҷазираи Корея ва ҷаҳон мешавад".

Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико партоби мушакро чун як амали таҳрикомез маҳкум кард ва гуфт, режими Кореяи Шимолӣ қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро нақз кардааст, ки ба ин кишвар анҷоми фаъолиятҳои баллистикиро манъ кардааст. Обама гуфт, ки бо ин кори худ Кореяи Шимолӣ худро боз ҳам бештар дар инзиво қарор медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Кореяи Шимолӣ гуфт, ки рисолати мушак бомуваффақият анҷом шуда маҳвораи мухобиротии он дар мадор мустақар шудааст. Аммо ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, ки ҳеҷ як маҳворае вориди мадор нашудааст.
XS
SM
MD
LG