Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Венесуэла ба Чин меравад


Рӯзи 7 апрел раиси ҷумҳурии Венесуэла Ҳуго Чавез бо як барномаи дурӯзаи сафари расмӣ ба Чин хоҳад рафт. Чавез гуфт, ки ӯ ният дорад бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао мулоқот кунад. Чину Венесуэла 12 миллиард долларро барои маблағгузории тарҳҳои муштарак оид ба рушд сармоягузорӣ кардаанд, ки ин тарҳҳо инчунин марбут ба нафт, зербиноҳо ва барномаҳои кишоварзӣ мебошад. Ҳамчунин, қарор аст то соли 2015 Чин аз Венесуэла ҳар рӯз аз 330 ҳазор то як миллион бушка нафт дарёфт кунад.
XS
SM
MD
LG