Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳолбрук дар Кобул ба сар мебарад


Фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук имрӯз дар Кобул бо раҳбарони Афғонистон ва мақомоти низомии Иёлоти Муттаҳида дидору мулоқот мекунад. Имрӯз низомиёни амрикоӣ сафари Ҳолбрукро ба Кобул тасдиқ карданд. Сафари вай як рӯз баъди нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар Страсбург баргузор мешавад, ки бо истиқрори се ҳазор сарбози иловагии дигар барои таъмини амнияти маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон мувофиқат карданд.
XS
SM
MD
LG