Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи мулоқоти Обама бо раҳбарони Чех


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама имрӯз қарор аст дар суханронии худ дар пойтахти Ҷумҳурии Чех шаҳри Прага ба маҳви силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон даъват кунад. Имрӯз суханронии Обама дар баробари ҳазорҳо нафар дар назди қасри раёсатҷумҳурии Прага дар назар аст, ки ба мавзӯи ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ ва аслиҳаи ғайриқонунӣ ихтисос меёбад. Мақомоти Чех тадбирҳои шадиди амниятиро пиёда карда ҳарими ҳавоии Прагаро муваққатан баста эълон карданд. Дар минтақаи қадимаи шаҳр ва дар маҳалҳои мулоқоти Обама бо мақомоти Чех ҳазорҳо нирӯҳои полис ва амниятиҳо сафарбар шудаанд. Дар барномаи боздиди худ аз Прага Обама қарор аст инчунин бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Мирек Тополанек, нахуствазири Чех мулоқот кунад, ки ҳукуматаш дар ҳоли истеъфо буда аммо муваққатан иҷрои салоҳиятҳои раҳбари иттиҳодияро идома медиҳад. Тополанек гуфтааст, ки аз Обама пайгирии барномаҳои истиқрори сипари зиддимушакӣ дар қаламрави Чеху Полшаро тақозо хоҳад кард. Бо тарҳи мазкур Русия шадидан мухолиф аст. Қарор аст дар Прага дар ҷараёни боздиди Обама намоишҳои эътирозии мухолифони ҷойгиркунии радар дар хоки Чех баргузор шавад. Раиси ҷумҳурии Амрико аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо инчунин бояд масъалаи коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ ва бӯҳрони иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG