Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯҳдадориҳои нави НАТО дар баробари Афғонистон


Дабири кулл Яап Де Ҳуп Скеффер рӯзи шанбе гуфт, раҳбарони НАТО ӯҳдадор шуданд, ки барои пуштибонӣ аз ҳайати низомии ин паймон дар Афғонистон кӯмакҳо хоҳанд кард. Де Ҳуп Скеффер бо чунин изҳорот дар поёни нишасти бахшида ба 60-умин солгарди таъсиси ин паймон дар Страсбурги Фаронса дар баробари хабарнигорон суханронӣ кард. Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико дар ин нишаст ҷӯёи пуштибонии стратегияи наваш дар Афғонистон буд ва ба ин ҳадафаш ҳам расид. Дабири кулли НАТО гуфт, раҳбарон ба тавофуқ расиданд, ки ба хотири таъмини амният дар ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон августи имсол нирӯҳои бештари эътилофиро дар ин кишвар мустақар карда маблағҳоеро барои пуштибонӣ аз артиши миллии Афғонистон ироа кунанд. Кохи Сафед гуфт, ки раҳбарони НАТО ба ирсоли панҷ ҳазор сарбози иловагӣ, яъне се ҳазор нирӯ барои кӯмак дар таъмини амнияти интихобот ва ду ҳазор нафар барои кӯмак дар тамрини артиши миллии Афғонистон ризоият доданд. Чанде пеш аз ин садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки Афғонистон барои НАТО як санҷиши хеле ҷиддӣ аст ва аз стратегияи Обама пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG