Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон ҳаҷми интиқоли газро коҳиш дод


Ӯзбакистон имрӯз ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро боз ҳам коҳиш дод. Тибқи иттилои хабаргузориҳо, сабаби аслӣ дар напардохтани қарзи Ӯзбакистон барои истифодаи гази аз қабл вориди Тоҷикистоншуда мебошад. Айни замон Тоҷикистон соате 16 ҳазор метри кубӣ гази Ӯзбакистонро дарёфт мекунад, дар ҳоле, ки қабл аз коҳиши ҳаҷми он 25 ҳазор метри кубӣ мегирифт. Ҳаҷми куллии қарзи Тоҷикистон дар баробари Ӯзбакистон 16 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG