Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: "Дарҳои НАТО барои аъзои нав боз аст"


Имрӯз дар Страсбург раҳбарони НАТО нишасти таърихии худро оғоз карданд. Кори нишаст бо таъхири яксоата шурӯъ шуд, чунки раҳбарон талош доштанд мухолифати Туркияро бо номзадии раҳбари нави ин паймони низомӣ ҳаллу фасл кунанд. Дар ҷаласа инчунин 28 афсари низомии кишварҳои узви НАТО, ки нирӯҳояшон аз Афғонистон сар карда то Балкану Африқо мустақар ҳастанд, иштирок мекунанд. Дар суханронии ифтитоҳии худ дабири кулл Яап Де Ҳуп Скеффер ба нақши муҳими ин созмон дар солҳои фаъолияташ таъкид кард ва гуфт:

"Дар ин 60 сол НАТО ба марҳилаи нотакрори сулҳу озодӣ ва шукуфоии ҳамаи шаҳрвандон саҳмгузор буд. Ин як далели рӯшани он аст, ки ҳамкории аъзои созмон дар самти дастрасӣ ба як ҳадафи мушаххас чӣ натиҷаҳое метавонад ба бор оварад".

Дар суханронии шодбошии худ ба аъзои НАТО раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама узвияти кишварҳои навро дар ҳайати созмон - Албанияву Хорватия истиқбол кард ва гуфт:

"Дарҳои узвият барои дигар давлатҳое, ки ба меъёрҳои НАТО мувофиқат карда барои таъмини амнияти муштарак саҳми пурмаънӣ гузошта метавонанд, боз мемонад".

Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ, ки бори дигар аз стратегияи нави Барак Обама дар Афғонистон пуштибонӣ кард, дар баробари 27 раҳбари кишварҳои узви НАТО эълон кард, ки Фаронса дубора ба иҷрои пурраи нақшаш дар ин паймон шурӯъ мекунад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки Афғонистон барои НАТО як санҷиши воқеӣ мебошад. Ӯ Обамаро барои стратегияи наваш дар Афғонистон ситоиш кард ва гуфт, ки кишвари ӯ омода аст, ки бо ирсоли сарбозу омӯзгорон ва маблағҳои бештар дар ин барнома саҳмгузор бошад.





XS
SM
MD
LG