Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТО ба кор шурӯъ кард


Имрӯз дар Страсбург раҳбарони НАТО нишасти таърихии худро оғоз карданд. Кори нишаст бо таъхири яксоата шурӯъ шуд, чунки раҳбарон талош доштанд мухолифати Туркияро бо номзадии раҳбари нави ин паймони низомӣ ҳаллу фасл кунанд. Дар ҷаласа инчунин 28 афсари низомии кишварҳои узви НАТО, ки нирӯҳояшон аз Афғонистон сар карда то Балкану Африқо мустақар ҳастанд, иштирок мекунанд. Чанд соат пеш аз ин, раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раҳбарони дигари НАТО ба нишони ҳамраъйиву ваҳдат дар ин паймони низомӣ аз болои пуле, ки Олмону Фаронсаро ҷудо мекунад, гузар карданд. Ҳоло дар миёни аъзои НАТО дар бархе масъалаҳои мисли Афғонистону ояндаи паймон ихтилофи назар вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG