Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду ҷангии фаластинӣ дар Ғазза


Табибони фаластинӣ имрӯз таъйид карданд, ки дар паи даргириҳои миёни нирӯҳои исроилӣ дар шимолушарқи Навори Ғазза ду ҷангии фаластинӣ кушта шуданд. Артиши Исроил инчунин тасдиқ кард, ки нирӯҳои онҳо ду ҷангиро ба қатл расондаанд. Артиш мегӯяд, ки ҷангиён бомбаҳоро дар наздикии девори амниятӣ, ки манотиқи Исроилу Фаластинро дар шарқи қароргоҳи муҳоҷирони Ҷабалия ҷудо мекунад, ҷо карда буданд.
XS
SM
MD
LG