Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмадҳои эҳтимолии мухолифати Туркия дар НАТО


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки мухолифати Туркия ба интихоби номзадии нахуствазири Дания ба ҳайси дабири кулли ояндаи НАТО барои барномаҳои узвияти Анкара дар ин иттиҳод таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Оллӣ Рейн, комиссионери умури тавсеаёбии Иттиҳодияи Аврупо дар як мусоҳибааш гуфт, ки мухолифати Туркия бидуни шак саволҳоеро дар миёни аъзои кишварҳои ин созмон ва шаҳрвандонаш ба миён меорад, ки то кадом андоза Туркия арзишҳои аврупоии мисли озодии баёнро хуб дарк кардааст. Туркия бо ин сабаб мухолифи интихоби Андерс Фог Расмуссен ба мақоми дабири кулли НАТО шудааст, ки ҳангоми сар задани моҷарои атрофи нашри карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар дар матбуоти Дания вай аз озодии баён дифоъ карда буд. Чопи карикатураҳо чанд соли пеш мухолифатҳои шадидро дар ҷаҳони Ислом ба бор овард.
XS
SM
MD
LG