Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ базудӣ мушакро партоб мекунад


Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ гузориш медиҳад, ки Пйонгянг дар наздиктарин фурсат мушаки дурпарвозашро ба мадор партоб хоҳад кард. Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ки партоби, ба қавли ин кишвар "маҳворае" дар таърихи байни 4 то 8 апрел сурат мегирад. Вазири хориҷаи Ҷопон Ҳирофумӣ Накасоне имрӯз дар ин замина гуфт:

"Умедворем, ки ҳатто дар охирин лаҳза Кореяи Шимолӣ аз партоби мушак худдорӣ хоҳад кард. Аммо бо ин вуҷуд, ин чиз муҳим аст, ки дар сурати даст ба чунин кор задани онҳо мо пурра омода бошем".

ИМА, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, ки амали мазкур дар асл партоби на маҳвора, балки озмоиши мушаки дурпарвози Кореяи Шимолиро дар назар дорад. Ва ин мушак тавони бархӯрд ба Аляскаро хоҳад дошт. Рӯзи ҷумъа раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки дар сурати анҷоми ин кор аз ҷониби Пйонгянг - Кореяи Шимолӣ бемуҷозот намемонад ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳатман чораҷӯӣ хоҳад кард. Субҳи имрӯз раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мюнг-бак нишасти раҳбарони хадамоти амниятии кишварашро дар як таҳхонаи кохи президентиаш баргузор кард.
XS
SM
MD
LG