Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай қонунеро дубора ба парлумон фиристод


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз гуфт, қонуни нави баҳсбарангез, ки амали таҷовузи ҳамсарро ба шавҳар иҷоза медиҳаду эҳтимолан дигар ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқи занро нодида мегирад, бояд ба парлумон барои бознигарӣ баргардонида шавад. Карзай вазорати адлияро амр додааст, ки қонунро бознигарӣ кунад ва дар сурати ошкоршавии мавридҳое, ки муқаррароти Қонуни асосии кишвар ё қонунҳои шариатро поймол мекунад, "бояд аз тадбирҳое кор гирад". Қонунгузории мазкур танзими зиндагии оилавиро дар хонаводаҳои афғонҳои шиамазҳаб дар назар мегирад. Аммо дар изҳороташ Бунёди рушди занони СММ гуфт, ки ин банди қонун амалан таҷовузи занро аз ҷониби шавҳараш иҷоза медиҳад.
XS
SM
MD
LG